Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Чин ба Тоҷикистон сафар мекунад


Сарвазири Чин, Вен Ҷябао, дар рӯзҳои 22-24-уми декабр аз Русия ва Тоҷикистон дидан хоҳад кард. Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин, Хун Лей, мегӯяд, Ҷябао дар Маскав бо сарвазири Русия, Владимир Путин мулоқот ва дар Душанбе дар ҳамоиши сарвазирони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бо ҳамтоёнаш аз Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон татбиқи созишҳои нишасти сарон дар Тошкандро баррасӣ хоҳад кард. Ба ғайр аз ин, Вен Ҷябао, бо сарвазири Тоҷикистон, Оқил Оқилов, мулоқоти дуҷониба хоҳад дошт. Ҳамоиши сарвазирони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе рӯзҳои 24 ва 25-уми декабр баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG