Пайвандҳои дастрасӣ

Толибилмонро ба мадрасаҳои дохилӣ мехонанд


Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон

Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, мадрасаҳои мутавасситаи исломии кишвар аз имкони ба таълимоти исломӣ фаро гирифтани садҳо толибилмонеро, ки аз кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон бозоварда шудаанд, бархурдор мебошад.

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ваъда ё кафолати идомаи таълимоти ислом дар мадрасаҳои расмии Тоҷикистон, яке аз мувофиқтарин воситаҳои ҷалби ҷавонони тоҷик ба ватан ва низ баргардонидани онҳо ба омӯзиши мӯътадили ислом мебошад.

Вай афзуд, шароити таълими исломӣ барои толибилмон дар дохили Тоҷикистон ҳам фароҳам аст ва уламои кишвар тавони таълими садҳо ҷавонро доранд. Ба гуфтаи Эшони Саидҷон, ҳоло дар шаҳри Қӯрғонтеппа ду мадрасаи мутавасситаи исломӣ - занона ва мардона, ба сурати расмӣ фаъолият дорад, ки дар он беш аз 100 нафар таҳсили илм мекунад.

Даъвати толибилмон ба мадрасаҳои Қурғонтеппа

Аммо ин мадрасаҳо ва мударрисони он, ба иддаои муовини муфтии Тоҷикистон, метавонанд то ҳазор донишҷӯро, ки аз кишварҳои хориҷӣ баргаштаанд, дубора ба таълим фаро гирифта, дониши исломӣ бидиҳанд.

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа гуфт: «Ҳар нафаре, ки синну солаш мувофиқ ба оинномаи мадрасаи мост, қабулаш мекунем, дарси динӣ мегирад. Аз заруриёти дин, аз «Ҳафтяк» сар карда, то Қуръону «Чаҳор китоб»-у Ҳофизу Саъдию Бедил меомӯзанд. «Фиқҳаи Кайдонӣ», «Мухтасар», аҳодиси Расулаллоҳ (с), «Чил ҳадис», «1001 ҳадис», 7 китоби Кофия ва дигар илмҳо ба донишҷӯён таълим дода мешавад».

Ӯ ҳамчунин гуфт, вай яке аз муаллифони пешниҳоди бозоварии ҷавононест, ки аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба мадрасаҳои исломии хориҷӣ рафтаанд. Вай афзуд, дар мадрасаҳои мутавасситаи Тоҷикистон, аз ҷумла мадрасаҳои расмии шаҳри Қӯрғонтеппа, дар баробари фанҳои исломӣ, ҳамчунин илмҳои дақиқ, забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои хориҷӣ ва истифода аз фанноварии муосир таълим дода мешавад.

Шубҳаи коршиносон ба имконоти мадрасаҳои расмӣ

Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони хатлонии ҲНИТ
Ва аммо коршиносони маҳаллӣ ба тавонмандии мадрасаҳои исломии Тоҷикистон барои ба таълим фаро гирифтани шумораи зиёди толибилмони ба ватан баргашта бо чашми шубҳа менигаранд.

Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, шароити мадрасаҳои расмии исломии Тоҷикистон ва низ мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои таълими босифати ислом ба ҷавонони тоҷик нокофӣ буда, то 80 дарсади ҷавонони толибилм аз чунин шароит бархурдор нестанд.

Ӯ меафзояд: «Агар ҳадди ақал дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон таълимоти Қуръон, дарсҳои ҳадис, фиқҳи Имоми Аъзам роҳандозӣ шавад, ҳатто ҳамон домуллоҳое, ки феълан дар хонаҳояшон ба ҷавонону наврасон дарс медиҳанд, аз ин кор даст хоҳанд бардошт, чунки фарзандони мо озод ва ошкор таълим мегиранд ва низ ба пинҳонӣ, дар хонаҳо дарс додан ҳам зарурат намемонад.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, толибилмон танҳо дар мадрасаҳои расмӣ ва донишкадаи исломии ба номи Имом Тирмизии Тоҷикистон ҳуқуқи таҳсил доранд. Ниҳодҳои интизомӣ феълан онҳоеро, ки ба таълимоти хонагии исломӣ сарукор мегиранд, мавриди таъқиби расмию ғайрирасмӣ қарор дода ва низ таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои ғайрирасмии хориҷиро низ ғайриқобили қабул мешуморанд.

Ҳарос аз таълимоти ғайрисуннатӣ дар хориҷа

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, мегӯяд, бо ин андешаи мақомот, ки гӯё ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ дар баробари таълимоти исломӣ, ҳамчунин шеваҳои ҷангу тундгароӣ меомӯхтаанд, мувофиқ аст. Вай афзуд, бахши аъзами ҷавонон бо ҳидояти волидони худ ба мадрасаҳои ғайрирасмии исломӣ дар хориҷ аз кишвар роҳ ёфтаанд.

Ва аммо бисёре аз волидон мегӯянд, ҳадафи эшон аз фиристодани фарзандони худ ба хориҷа, на ин буд, ки ҷангу ифротгароӣ омӯзанд, балки мехостанд, ки онҳо соҳиби илму донишманд шаванд.

Бо ин ҳам, Абдулвоҳид ном ҷавоне, ки баъд аз чаҳор соли таҳсил дар Покистон ба ватан баргаштааст, мегӯяд, дар воқеъ иддае аз ҷавонон ноогоҳона шомили мадрасаҳои ғайрирасмӣ шуда, ба ҷойи таълими исломи ноб ба сурати иҷборӣ ва ё таҳмилӣ ифротгароӣ ва усулҳои идора кардани муҳиммоти ҷангиро меомӯзанд.

Ӯ гуфт: «Дар Карочи ҷомеаи Абубакр – мадрасаи салафиҳо ҳаст. Он ҷо ҳам баъзе тоҷикҳо таҳсил мекунанд ва ақидаи салафиҳоро аз бар мекунанд. Ба сабаби омӯхтани ақидаҳои салафӣ, онҳо ба тарафҳои Вазиристону Пешовар мераванд ва он ҷо дигар амалиётҳои терористиро меомӯзанд».

Ва аммо шиддат гирифтани таъқиб ва тафтишу санҷиши фаъолияти домуллоҳо аз ҷониби мақомот, ҳамчунин манъи пӯшиши исломию берун кардани наврасон аз мадрасаҳои хонагӣ ва масоҷид, бисёре аз сокинони маҳаллиро нигарон кардааст.

Ҳоло бархе аз сокинони вилояти Хатлон ба хотири таъмини амнияти фарзандон ва гурез аз таъқиби ғайрирасмии мақомот, таълимоти рукнҳои ислом ва аз бар кардани Каломуллоҳро барои фарзандони худ танҳо дар муҳити манзили шахсии худ раво мебинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG