Пайвандҳои дастрасӣ

1 миллиону 600 000 доллар товон ба маҳбуси Гуантанамо


Матбуоти Британия гузориш дод, ки Лондон ба як маҳбуси пешини боздоштгоҳи Гуантанамо ба ҳайси ҷуброн 1 миллион фунтр стерлинг муодили 1 миллиону 604 ҳазор доллари амрикоӣ хоҳад пардохт. Бино бар хабари Би-Би-Сӣ, маҳбуси собиқ яке аз даҳҳо маҳбус аст, ки мақомот барояш дар як муомилаи берун аз додгоҳ канор хоҳанд омад. Намояндаи дастгоҳи сарвазир Дейвид Камерон гуфт, дар ин бора ба зудӣ ба порлумон изҳороти расмӣ ирсол хоҳад гашт. Чандин бритониёии покистониасл шикоят кардаанд, ки бо ризоияти сукутомези Британия дар маҳбаси Покистон мавриди бадрафторӣ қарор ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG