Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Бут ба Иёлоти Муттаҳида истирдод шуд


Мақомоти Таиланд мегӯянд, айбдоршавандаи тиҷорати ғайриқонунии силоҳ, Виктор Бут, ба Иёлоти Муттаҳида истирдод шудааст. Дар Амрико вай ба иттиҳоми терроризм рӯбарӯ хоҳад буд. Мақомоти полис ва фурудгоҳи Бангкок гуфтаанд, баъд аз мувофиқати ҳукумати Таиланд бо ҳалномаи додгоҳ, Бут дар ҳавопаймои махсуси Иёлоти Муттаҳида аз Таиланд хориҷ шуд. Иёлоти Муттаҳида афсари пешини нерӯҳои ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ, зодаи Тоҷикистон, Виктор Бутро дар қочоқи аслиҳа барои диктаторҳо дар манотиқи низоъ дар Африқо, Амрикои Ҷанубӣ ва Ховари Миёна айбдор мекунанд. Бут ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, бо интиқоли қонунии ҳавоии коло машғул будааст. Парвандаи ӯ мояи ҷанҷоли дипломатии байни Маскав ва Вошингтон шудааст. Бут пас аз як амалиёти пинҳонии ҷосусони Амрико дар моҳи март дар Бангкок боздошт шуд. Агар додгоҳи Иёлоти Муттаҳида ҷурми ӯро тасдиқ шавад, Бут метавонад ба ҳабси якумрӣ маҳкум гардад.
XS
SM
MD
LG