Пайвандҳои дастрасӣ

Мардуми мусалмони Тоҷикистон 16-уми ноябр, яке аз муҳимтарин ҷашнҳои мазҳабӣ – иди Қурбонро таҷлил карданд. Чун анъана таҷлили иди Қурбон бо намози идона дар ҳамаи масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон оғоз шуд. Масҷидҳои Душанбе - пойтахт низ моломоли намозгузорон буд.

Дар ин рӯз аз ҳама бештар чеҳраи кӯдакон шоду масрур ба назар мерасад. Онҳо субҳи барвақт дари манзилҳоро мекӯбанд ва соҳибхонаҳоро бо фаро расидани иди Қурбон шодбош гуфта, аз онҳо туҳфаҳои идона мегиранд.

Иди Қурбон, яке аз ду иди муҳимтарини мусулмонҳост ва онро ҳамасола мусулмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа, яъне баъд аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр, таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз афроди тавонманд қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои бенаво ва мардумони дастнигар кӯмак менамоянд. Пас аз адои намози ид, мусалмонон тибқи русуми исломӣ, ба зиёрати мазори наздиконашон мераванд.



Иди Қурбон дар Тоҷикистоне, ки 97 дарсади сокинонаш мусулмонанд, аз соли 1991 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад ва ин рӯз рӯзи таътил эълом шудааст. Ҳамасола раисиҷумҳур расман аз тариқи радио ва телевизионҳои давлатӣ мардуми мусулмонро ба рӯзи ид табрик ва аз сокинон дархости кӯмак ба бенавоён мекунад.

Дар паёми идонаи имсолааш раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардумро бо иди Қурбон табрик гуфт ва таҷлили озодонаи ин идро аз дастовардҳои замони истиқлоли кишвар ном бурд. Ҷаноби Раҳмон ин дафъа дар паёмаш ба таълиму тарбияи фарзандон, бахусус ба аҳамияти омӯхтани улуми муосир, таъкид кард.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ низ дар паёме мардумро бо Иди Қурбон табрик гуфта, хостори дар ин рӯз дурӣ ҷустани мусалмонон аз кинаву душманӣ ва бадгӯиву бадхоҳӣ шудааст.

Имсол сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе ҳам Иди Қурбонро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфтанд. Сафири Амрико дар Душанбе Кеннет Гросс дар паёми идонааш бо табрики мардум ба ид хостори дӯстӣ ва муносибатҳои тозаи ҳамкории Амрико бо мардуми Тоҷикистон шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG