Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯҳрони қарзии Ирландия баррасӣ мешавад


Вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи пули воҳиди евро имрӯз гирди ҳам меоянд, то масъалаи хотима додан ба бӯҳрони қарзии Ирландияро баррасӣ кунанд, то ин бӯҳрон ба кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо сироят накунанд. Ирландия мегӯяд, худи давлат мӯҳтоҷи кӯмаки молӣ нест, балки бонкҳои бар асари бӯҳрони молӣ ва маскан, заъифшудаи кишвар ба кӯмак ниёз доранд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳукумати Ирландия аз тарси онки дар интихоботи муҳими моҳи ноябр шикаст нахӯрад, аз дархости кӯмак аз Иттиҳодияи Аврупо худдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG