Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҳинд хонае фурӯ рафт ва 32 нафарро кушт


Дар пойтахти Ҳинд бар асари фурӯ рехтани як хона дасти кам 32 нафар кушта ва 60 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин ҳодиса дар як маҳалли шарқии Деҳлӣ рух додааст ва пулиси Деҳлӣ мегӯяд, зоҳиран даҳҳо нафари дигар дар зери овор мондаанд. Масолеҳи пастсифати сохтмонӣ ва риоят нашудани муқаррароти сохтмонро аз омилҳои фурӯ рехтани биноҳо дар Ҳинд медонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG