Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили иди Қурбон дар Тоҷикистон шурӯъ шуд


Дар Тоҷикистон имрӯз иди қурбонро таҷлил мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми табрикӣ ба муносибати ин ид ба танзими таҳсили донишҷӯён дар мадрасаҳои исломӣ таъкид кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳукумат аз роҳи расмӣ ташкил кардани омўзиши улуми мазҳабиро аз вазифаҳои муҳими хеш медонад. Давлати Тоҷикистон бо нигаронӣ аз авҷ гирифтари тундгароии исломӣ дар кишвар, ба бозгардонидани донишҷӯёни тоҷик аз мадрасаҳои мазҳабии хориҷӣ шурӯъ кард. То кунун бештар аз 250 нафар донишҷӯ аз мадрасаҳои исломии кишварҳои арабӣ ва Покистон фаро хонда шуданд. Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш хоста буд, ҷавонони тоҷикро ба мадрасаҳои мазҳабии хориҷӣ нафиристанд, зеро аз онҳо “террорист ва экстремист” тарбия хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG