Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои бештари Амрико ба баёнияҳои Карзай


Баёнияҳои Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, вокуниши бештари вакилон ва давлати Амрикоро барангехт. Як сенатори амрикоӣ ба хабарнигорон гуфт, ба тааҳудоти Ҳомиди Карзай барои поксозии ҳукуматаш аз фасод ва ҳам шарики боитминони Амрико будани ӯ шубҳа дорад. Кристин Жилибранд, сенатори демократ, ки чанде пеш аз Афғонистон баргаштааст, гуфт, Ҳомиди Карзай мавқеъи “мухолиф ба манофеъи Амрикоро” пеш гирифтааст. Рӯзи якшанбе Ҳомиди Карзай, дар мусоҳибае хоҳони коҳиши амалиётҳои низомии Амрико дар Афғонистон шуд, зеро ба гуфтаи ӯ боиси пайвастани афғонҳо ба ҷангҷӯён мешаванд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико бо ҳимоят аз амалиётҳои низомии нерӯҳои кишвараш дар Афғонистон гуфт:" Ҷойи шакке нест, ки амалиётҳои ҳадафмандона ба раҳбарони ҷангҷӯён ва шабакаҳои тобеъи онҳо, зарбаи фавқуллода задаанд. Мо ба нигарониҳоро бисёр ҷиддӣ мегирем ва аз ин рӯ бо назардошти ҳассосияти амалиётҳои шабҳангом, шеваҳои ин амалиётҳо бознигарӣ шудаанд." Дейвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон низ аз даъвати Ҳомиди Карзай барои коҳиши амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон ибрози таассуф кард.
XS
SM
MD
LG