Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, арзёбии фанниву иқтисодии тарҳи бунёди неругоҳи Роғунро 3 ширкати аврупоӣ анҷом хоҳанд дод. Ба ин гурӯҳ як ширкати фаронсавӣ, як ширкати итолиёвӣ ва ширкати бритониёии ИПА Консалтинг шомиланд. Никил Венткатесваран, мудири ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни арзёбӣ аз ҷумла иддаъоҳо доир ба таъсири манфии нерӯгоҳи Роғун ба кишварҳои поёноб таҳқиқ мешавад. Давлати Ӯзбакистон мегӯяд, бунёди сарбанди азим барои Роғун боиси беоб мондани киштзорҳои азими он кишвар мешавад.