Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон аёдати муттаҳам ба ҷосусиро иҷоза дод


Гурҷистон ба як дипломати Русия иҷоза додааст, то бо шаҳрванди ба иттиҳоми ҷосусӣ боздоштшудаи ин кишвар мулоқот кунад. Ба гузориши бахши гурҷии Радиои Озодӣ, давлати Гурҷистон ҳамчунин дархости Русияро дар мавриди иттилоъ доир ба афроди дигари боздоштшуда ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русияро қонеъ кардааст. Аввали ин моҳ мақомоти Гурҷистон аз боздошти 13 нафар бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русия хабар доданд, ки чаҳор нафарашон шаҳрвандони Русия ва 9 тани дигар табаъаи худи Гурҷистон будаанд. Равобити дипломатии Русияву Гурҷистон баъди ҷанги кӯтоҳе бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ дар моҳи августи соли 2008 бурида шуд.
XS
SM
MD
LG