Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як шаҳрванд аз тири марзбони узбак


Як шаҳрванди Тоҷикистон – Солеҳ Ваҳҳобов, сокини 20 солаи деҳаи Мирзоободи ноҳияи Зафаробод дар хати марзи канори ин маҳал аз тири марзбони узбак рӯзи якшанбеи 14 – уми ноябр ба ҳалокат расидааст. Ислом ном ҷавони дигари ҳамроҳи вай низ захм бардошта, дар бемористони маҳали зисташ бистарӣ шудааст.
Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, ин ду ҷавони тоҷик ба тиҷорати байнисарҳадӣ машғул буданд ва нуқтаи муайяни марзро солҳои зиёд бидуни садду мамониате аз ҷониби марзбонҳои узбак убур мекарданд. Эҳтимол, ахиран миёни онҳо ва марзбононҳо сари маблағи ришват барои марзгузарӣ баҳс бархоста, бо истифодаи силоҳ аз ҷониби охириҳо ва барои ҷавонони тоҷик фоҷиавӣ поён ёфтааст.
Бегалӣ Ашурматов – сокини ноҳияи Зафаробод ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки хешони Солеҳ Ваҳҳобови кушташуда барои овардани ҷасади вай ба Узбакистон рафтанд, аммо марзбонҳои узбак гуфтаанд, ки ҷасадро бар ивази 600 ҳазор сӯм, беш аз 350 доллари амрикоӣ медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир, гуфтааст Бегалӣ Ашурматов, хешони марҳум ба Зафаробод баргашта, ба ҷамъ кардани маблағ машғуланд.
XS
SM
MD
LG