Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел бори панҷум раҳбари ҳизб интихоб шуд


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел барои бори панҷум раҳбари ҳизби муҳофизакори масеҳиёни демократ интихоб шуд. Ӯ раҳбари бебаҳси ин ҳизб маҳсуб шуда, танҳо номзад ба ин мақом буд ва бо касби беш аз 90 фоизи оро боз ба як давраи дусолаи раҳбарӣ даст ёфт. Меркел аз соли 2000 раҳбари масеҳиёни демократ буда, соли 2005 садри аъзами Олмон шуд.
XS
SM
MD
LG