Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дудилагии кишварҳо аз ширкат дар расми эътои ҷоизаи Нобел


Пажӯҳишгоҳи Нобел гуфт, кишварҳои зиёде дар мавриди ширкат дар маросими эътои ҷоизаи имсолаи сулҳи Нобел ба дигарандеши чиноӣ Лю Сиаобо, ки 10 декабр дар Осло, пойтахти Норвегия доир мешавад, дудила боқӣ мемонанд. Мудири Пажӯҳишгоҳи Нобел Гейр Лундестад гуфт, сафирони зиёде барои посух ба даъвати расмӣ ба ин маросим фурсати бештар хостаанд. Аммо ӯ аз ифшои номи кишварҳое, ки дар ҳоли дудилагӣ қарор доранд, худдорӣ кард. Лю Сиаобо дар декабри соли 2009 дар пайи таҳияи як манифести муштарак, ки ба ислоҳоти сиёсӣ дар Чин даъват мекард, ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Пекин эътои ҷоизаи сулҳи Нобел ба ин дигарандешро бо ҳассосият қабул кард.
XS
SM
MD
LG