Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Умар музокирот бо Кобулро радд кард


Раҳбари Толибон Мулло Умар бори дигар омодагии чирикиҳо барои музокирот бо давлати Афғонистонро радд кард. Мулло Умар дар паёме, ки имрӯз ба муносибати иди Қурбон нашр шуд, хабарҳои нашршуда дар бораи гуфтугӯи сулҳ байни Толибон ва Кобулро “таблиғоти бебунёд” номидааст. Мулло Умар, ки гумон меравад, дар Покистон паноҳ мебарад, афзуда, ки “душман” барои он аз музокирот сару садо мекунад, ки нирӯҳои хориҷӣ аз сӯи Толибон шикаст мехӯранд. Паёми Мулло Умар тавассути эмейл ба хабаргузориҳои ғарбӣ низ ирсол шудааст.
XS
SM
MD
LG