Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбари аслии қатли омми фермерҳо


Додситонии Русия имрӯз гуфт, нафари гумонбар ба ташкили куштори 12 сокини рустои Хушёвская, бо шумули 4 кӯдак, дар вилояти Краснодар, боздошт шудааст. Сергей Тсапокро имрӯз ҳамроҳ бо узви дигари гурӯҳи мусаллаҳаш Сергей Тсеповяз дастгир кардаанд. Ҳарду ба узвият дар гурӯҳе, ки шаби 5 ноябр 12 нафарро дар манзили фермери маҳаллӣ Сарвар Аҳмадов қатли омм карда, сипас ба хотири аз байн бурдани изи ҷинояти худ он манзилро оташ заданд, муттаҳам мешаванд. 4 гумонбари аввал дар ин ҳамла ҳафтаи гузашта боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG