Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урайқот: Исроил шаҳраксозиро билкулл бас кунад


Раҳбари ҳайъати музокиротии фаластиниҳо Соиб Урайқот гуфт, пеш аз онки фаластиниҳо ба музокироти сулҳ баргарданд, мораторийи Исроил ба шаҳраксозӣ бояд нафақат сарзаминҳои фаластинии каронаи бохтарии рӯди Урдун, балки Байтулмуқаддаси шарқиро ҳам дар бар бигирад. Исроил зоҳиран пешниҳоди Амрико ҷиҳати тавқифи сохтмони шаҳракҳои яҳудинишин ба манзури эҳёи музокироти мутаваққифшудаи сулҳи Ховари Миёнаро мепазирад. Тибқи ин пешниҳод, Исроил шаҳраксозӣ дар каронаи бохтариро барои 90 рӯз қатъ карда, Амрико ба ҳар навъ қатъномаи зидди Исроил дар Шӯрои Амният вето мегузорад. Амрико ҳамчунин Исроилро бо 20 ҳавопаймои ҷангӣ ба қимати 3 миллиард доллар таъмин хоҳад кард.
Музокироти мустақим байни исроилиҳову фаластиниҳо баъди 2 соли тавқиф дар моҳи сентябр аз сар гирифта шуд, вале баъди ҳамагӣ чанд ҳафта аз тамдиди мораторийи шаҳраксозӣ даст кашидани Исроил ҷараёни музокиротро ҳам бурид.
XS
SM
MD
LG