Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Қурмонбек Боқиев ба рӯзи чоршанбе монд


Додгоҳи раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев то рӯзи чоршанбе ба таъхир гузошта шуд. Боқиевро дар ғайбаш бо ҷурми нақшаш дар саркӯб кардани эътирозҳои моҳи апрел, ки мунҷар ба ҳалокати ҳудуди 90 нафар шуд, муҳокима мекунанд. Дар маҷмӯъ дар чаҳорчӯби ин парванда 28 нафар ба додгоҳ кашонида шудаанд. 6 тан, бо шумули Қурбонбек Боқиев ва бародараш Ҷониш Боқиев, ғоибона муҳокима мешаванд. Роза Отунбоева, раисиҷумҳури феълии Қирғизистон имрӯз гуфт, додгоҳи Боқиев ва ёрону пайвандони ӯро набояд интиқомҷӯӣ арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG