Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табрикоти Раҳмон ва Кабирӣ ба муносибати иди Қурбон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми идонае расидани иди Қурбонро ба мардум табрик гуфта, таҷлили озодонаи ин ид ва идҳои дигари милливу мазҳабиро аз дастовардҳои замони истиқлоли кишвар ном бурдааст. Оқои Раҳмон дар баробари суннатҳое, чун оростани дастурхони идона, ёд кардани арвоҳи гузаштагон ва хайру саховат ба ниёзмандон ин дафъа дар паёмаш таълиму тарбияи фарзандонро беҳтар аз садақа додан номида, бахусус ба аҳамияти омӯхтани улуми муосир таъкид кардааст. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон мадориси хориҷиро манбаъи ба равияҳои ифротиву террористӣ гароидани толибилмон хонда, аз волидайн даъват карда буд, фарзандони худро аз мадориси кишварҳои исломӣ фаро бихонанд. Ба дунбол мақомот 336 донишҷӯи тоҷикро аз Мисру Покистон ба Душанбе пас оварданд.
Раиси ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ низ дар паёме мардумро бо Иди Қурбон табрик гуфта, хостори дар ин рӯз дурӣ ҷустани мусалмонон аз кинаву душманӣ ва бадгӯиву бадхоҳӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG