Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯи тозаи парлумони Қирғизистон


Ҷумарт Сафарбоеви 25 сола узви парлумони тозаинтихоби Қирғизистон аст, ки ҳафтаи гузаша нахустин иҷлосияашро баргузор кард, Бо ин ҳама ҷавонӣ, ӯ чанд сол аст, ки дар саҳнаи сиёсат ҳузур дорад ва пайроҳаи сиёсатмадориро аз раҳбарии бахши ҷавонони ҳизби “Ота Макон” шурӯъ кардааст.

Вай як ҷавони қобили эътимод аст ва дар ИМА забони англисиашро такмил карда ҳатто барои мухолифаташ бо ҳукумати Боқиев мӯҳлати кӯтоҳро дар зиндон сипарӣ кардааст.

Нерӯи ҷавон вориди сиёсат мешавад

Ҷумарт Сафарбоев мегӯяд, бузургтарин ормони ӯ - саҳмгузорӣ дар бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ дар Қирғизистон аст ва мехоҳад, ки мисли ӯ ҷавонҳои зиёд ба фаъолиятҳои сиёсии кишварашон ҷалб шаванд.

Бар тибқи суннатҳои қадимаи парлумони Қирғизистон, иҷлосияи нахустини онро кӯҳансолтарин вакил раҳбарӣ мекунад ва рӯзи 10 ноябр ҳам Тошпӯлод Болтабоев, узви 65-солаи ҳизби “Ота Макон” ин масъулиятро ба дӯш гирифт. Вале дар ҳамин ҳол, аксари чашмҳо ба узви ҷавонтарини маҷлиси нав ё Жогоргу Кенеш Ҷумарт Сафарбоеви 25-сола равона шуда буд. Аксарият мегӯянд, баъди гиру дорҳои зиёд дар сиёсати дохилии Қирғизистон дар ин чанд соли охир, ҳоло бисёриҳо умедворанд, ки бо нирӯи тозаву ҷавон ва навфикр, парлумони Қирғизистон хоҳад тавонист мушкилоти зиёдро пушти сар кунад.

Хабарнигори Озодӣ бо Ҷумарт баъди анҷоми иҷлосияи нахустини маҷлиси нав дар яке аз кафеҳои Бишкек мулоқот кард. Вай мегӯяд, ҳизби онҳо бо истифода аз таҷрибаву донишҳои аъзои калонсолаш ҳоло талош дорад воқеиятҳои сиёсиро бо нигоҳи тозаву нав арзёбӣ кунад:

“Вақте маро дар феҳрасти ҳизбӣ дар навбати панҷум ҷо доданд, ман бисёр гапҳои пасту баланде аз баъзе раҳбарони калони ҳизбамон, аз баъзе сиёсатмадорон ва ҳизбҳои дигари сиёсӣ шунидам. Онҳо мегуфтанд, ки ин як аблаҳӣ аст, ки исми маро дар сафи болои рӯйхат ҷо додаанд. Аммо ҳамин тавр шуд ва фикр мекунам, ки раҳбарони ҳизби мо дарк мекунанд, ки ба хуни тоза ва идеяву пешниҳодҳои нав ниёз доранд. Мо ба насли тозаву нав эҳтиёҷ дорем”.

Дар Қирғизистон на танҳо ҳизби “Ота Макон” дар фикри пешбурди номзадҳои ҷавон аст. Аҳзоби рақиби он – “Республика” ва “Ота Журт”, ки исмашон дар миёни панҷ ҳизби шомили парлумоншуда зикр мешавад, ҳамчунин хостори ба парлумон ворид кардани аъзои ҷавони 22-солаи худ буданд. Сафарбоев мегӯяд, фаъолияти шашсолаи сиёсии ӯ дар “Ота Макон” таҳти раҳбарии Омурбек Текебоев нишон додааст, ки ин ҳизб бештар мехоҳад нирӯи наву тозаро барои саҳмгузорӣ дар ислоҳоти демократии кишвар пешбарӣ кунад.

Аҳзоби сиёсӣ ба ҷавонон эътимод мекунанд

Ҷумарт мегӯяд, ки давоми се соли раҳбарии бахши ҷавонони ҳизби “Ота Макон” ҳамеша талош кардааст, барои ҳифзи мавқеи аввали ҳизбаш дар саҳнаи сиёсии кишвар саҳмгузор бошад. Инчунин бо талошҳои ӯ, “Ота Макон” ба узвияти шабакаи ҷаҳонии “Сотсиалисти байналмилалӣ”, ки аз аҳзоби демократии сотсиалистиву кор дар саросари ҷаҳон пуштибонӣ мекунад, шомил шудааст. Вай бо табассум мегӯяд, баъзан аъзои собиқадори ҳизб ба ҳарфаш гӯш медиҳанд.

Вай мегӯяд, замони фаъолияташ дар ҷумбишҳои ҷавонии кишвар бомуваффақият зидди талошҳои Феликс Қулов мубориза бурдааст, ки мехост барои Қирғизистон аз Сандуқи байналмилалии пулу Бонки Ҷаҳонӣ қарзҳо бигирад. Ба гуфтаи вай, ин иқдом барои ҷумҳурие, ки баъди инқилоби лолаии соли 2005, Қурмонбек Боқиев ва муттафиқони ӯ мисли Қуловро сари қудрат овард, паёмадҳои ғайри қобили пешбинӣ медошт.

Вай мегӯяд: “Мо ҳукумати наве доштем, ки мехост аз ин барномаҳо истифода намуда, айни замон аз ҳама гуна масъулият шона холӣ кунад. Аммо чаро шумо худатон аввал иқдом намекунед, ки масъала ҳал шавад? Баъдан, агар он кор ғайри қобили иҷро бошад, пас худатон аввал роҳи ҳалли онро нишон диҳед. Вале на он вақт ва на баъди инқилоб коре аз дасташон наомад. Қулов аслан кӯшише ҳам накард ва талош кард аз ин мушкилот раҳо шавад. Ва ҳамон замон фаъолиятҳои иҷтимоии мо ҳам шурӯъ шуд. Ҳамон вақт мо муборизаро зидди режими Боқиев шурӯъ кардем”.

Ӯ мегӯяд, баъди интихоботи парлумонии соли 2007, вақте ҳизби ҳокимро барои тақаллуби фаровони раъйҳо айбдор карданд, нирӯҳои мухолифин ва гурӯҳҳои зиёди ҷавонони норозӣ аз натиҷаҳои интихобот даст ба эътирозҳои хиёбонӣ заданд ва ӯ ҳам зери шиори “Бовар надорам” ба ин раҳпаймоиҳо пайваст ва ҳамроҳ бо чанд ҷавони дигар ба муддати кӯтоҳ боздошт шуд.

Ҷавоне аз русто дар сиёсати бузург

Вай мегӯяд, он ҳодисаҳо заминаҳои мухолифати вайро ба режими Боқиев боз ҳам устувортар ва эътимоди ӯро ба ҳизби “Ота Макон” бештар кард, ки қариб танҳо ҳизби собиқадори оппозитсионӣ буда, ба назари вай ақидаву идеяро назар ба садоқатҳои қавмӣ болотар мегузошт.

Ин ҷавон аслан дар як хонаводаи рустоӣ тарбия ёфта як бародар ҳам дорад. Вай мегӯяд, замоне, ки ҳамсолони зиёдаш дар фикри пулу тиҷорат буданд, вай ҷиддан вориди сиёсат шуд. Вай афзуд, фикрронии мустақилонаи сиёсӣ ва ҷонибдорӣ аз ақоиди Мачиавелливу Ҳенрӣ Киссенҷер, ки китобҳояшонро дар китобхонаи шахсиаш гирдоварӣ кардааст, барои ташаккул ва тақвияти ҷаҳонбинии сиёсии ӯ мусоидат кардаанд.

Баъди ин, вай як солро дар донишгоҳи давлатии Манкатои Миннесона, дар шимоли Амрико гузаронда дар баробари омӯзиши забони англисӣ ҳамчунин довталабона дар фаъолиятҳои сиёсии ҳизби демократ таҷриба андӯхтааст. Вай мегӯяд, дар баробари омӯхтани фазои сиёсии Амрико, ҳамчунин талош кардааст амрикоиҳоро бо Қирғизистон шинос кунад.

“Соле, ки дар Қирғизистон инқилоби лолаӣ рух дод, таваҷҷӯҳ ба ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ зиёд шуд ва ман кӯшиш мекардам, ки онҳоро бо воқеиятҳои сиёсиву иҷтимоии кишварам аз наздик шинос кунам”.

Ҷумарт Сафарбоев эътироф мекунад, ки чандин имконияти тарки кишвар карданро дошта гаҳ-гоҳе дар ин бора андеша ҳам кардааст, аммо ҳамеша дарк мекард, ки барои саҳмгузорӣ дар ояндаи хуби кишвараш таваллуд шуда бояд аз роҳаш нагардад. Ҳоло ин узви ҷавони парлумони Қирғизистон оиладор ва соҳиби духтарчаи чаҳормоҳа аст. Вай мехоҳад, ки дар кишвараш низоми воқеан амалкунанда ва созандаи демократӣ эҷод шуда парлумон нақши аслиро дар таъйини сиёсати кишвар ифо кунад.

Вакили ҷавон ҳаяҷонзада аст

Чанд лаҳза баъди анҷоми рӯзи аввали иҷлосияи нахустини парлумони кишвараш ҳам, Ҷумарт гуфт, интизороти зиёд дорад ва ҳоло бисёр ҳаяҷонзада аст:

“Ин як лаҳзаи муҳим аст. Ман на аз он ҷиҳат ҳаяҷонзада ҳастам, ки ҳақи узвият дар парлумонро ба даст овардам, балки аз он ҷиҳат, ки интизоротам зиёд аст. Дар миёни мо, аъзои ҳизби “Ота Журт”-и Боқиев ҳам ҳастанд. Мо бояд бо онҳо кор кунем. Чӣ тавр? Аслан табиати кори парлумон инро талаб мекунад, ки бо ҳама муомила карда забон ёфтан лозим аст. Ҳоло ман аз он ҷиҳат ҳаяҷонзада ҳастам, ки бояд бо ин нирӯе, ки алайҳаш мубориза мебурдем, кор кунем. Бинем-ку, чӣ мешавад”.

Ҷумарт мегӯяд, пеш аз ҳар эҳсоси дигар ӯро ҳисси баланди масъулият фаро гирифтааст, ки бояд ба ҳангоми баррасиву ҳалли масоили хеле ҷиддии иқтисодиву сиёсӣ ҳарфи худро бигӯяд ва айни замон ин ҳарфи ӯ бояд ҷавобгӯи ормонҳои ӯ барои ба як кишвари демокративу озод табдил додани Қирғизистон бошад.
XS
SM
MD
LG