Пайвандҳои дастрасӣ

Ташхиси тарҳи Роғун ба 3 ширкати Аврупо вогузор шуд


Иҷрои ташхиси фанниву иқтисодии тарҳи нирӯгоҳи Роғун ба консортсиуми байналмилалии иборат аз 3 ширкати Аврупо вогузор шудааст. Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфта, ки ин консортсиум таҳти раҳбарии ширкати фаронсавии Coyne et Bellier Consulting Engineers ширкати итолиёвии Electroconsult ва бритониёии IPA Energy Water Consulting-ро муттаҳид мекунад. Аммо тендери дигар аз байни 4 ширкати низ хориҷии довталаби баргузории ташхиси пайомадҳои зистмуҳитиву иҷтимоии тарҳи Роғун касеро баранда эълон накард ва навбати ояндаи ин тендер рӯзи 10 декабр хоҳад гузашт. Бар асоси тавофуқи байни давлати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, маблағгузории анҷоми ин ташхисотро Бонки ҷаҳонӣ бар дӯш гирифта, дар сурати ташхиси мусбат, барои ҷалби сармоя ба эҳдоси нирӯгоҳи Роғун мусоидат хоҳад кард. Анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии Роғун аз талабҳои аслии Узбакистон аст, ки тарҳи мазкурро таҳдиде ба таъмини заминҳои кишташ бо об дониста, шадидан мухолифи сохта шудани нирӯгоҳи Роғун мебошад.
XS
SM
MD
LG