Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду нафар бар асари таркиш дар Адизай


Пулиси Покистон мегӯяд, таркиш дар минтақаи Адизай, ҳудуди 20-километрии ҷануби Пешовар, 2 кушта ва 3 захмӣ ба ҷо гузошт. Таркиш дар шимолуғарби Покистон дар наздикии манзили Абдулмалик, як раҳбари қабилаи маҳаллӣ, ки соли гузашта ба далели алайҳи Толибон ташвиқ карданаш кушта шуда буд, рух додааст. Ба бовари пулис, ҳадафи ҳамлаи нав писари Абдумалик - Нурмалик буд, ки гуфтааст, роҳи падарашро то шикасти Толибон идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG