Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоирин имрӯз дар Арафот ҷамъ мешаванд


Беш аз 2,5 миллион зоири мусалмон, ки ба қасди иҷрои фаризаи Ҳаҷҷ ба Арабистони Саудӣ омадаанд, имрӯз дар кӯҳи Арафот ва атрофи он гирди ҳам меоянд. Баромадан ба Арафот аз нуқтаҳои аслии Ҳаҷҷи Акбар аст. Барои ҳар мусалмони тавонманд фарз аст, ки дар зиндагиаш дастикам як бор сафари Ҳаҷҷ кунад. Кӯҳи Арафот маҳаллест, ки пайғамбари Ислом Муҳаммад(с) охирин паёмашро ироа карда буд.
Мақомоти Саудӣ ба хотири таъмини амнияти маросими Ҳаҷҷ имсол тадобири наверо дар Маккаву Мадина рӯи даст гирифтаанд ва ба фарқ аз солҳои гузашта, маросими Ҳаҷҷи имсола то имрӯз бидуни ягон ҳодисаи нохуш анҷом шудааст.
XS
SM
MD
LG