Пайвандҳои дастрасӣ

Лимити барқ дар рӯзҳои иди Қурбон лағв мешавад


Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик”ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзҳои таҷлили иди Қурбон лимити мавҷуда дар роҳи тавзеъи нирӯи барқ дар саросари Тоҷикистон бардошта хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамаи манотиқи чӣ шаҳрӣ ва чӣ рустоии кишвар аз соати 4-и асри имрӯз, 15 ноябр то соати 22 –и чоршанбе, 17 ноябр бидуни маҳдудият барқ хоҳанд гирифт.
Иди Қурбон дар Тоҷикистон расман рӯзи 16 ноябр таҷлил мешавад.
Лимити нирӯи барқ барои манотиқи рустоии Тоҷикистон расман аз аввали моҳи ноябр, вале амалан ҳанӯз дар моҳи октябр ҷорӣ шуда буд. Мақомот мегӯянд, имсол лимит сабуктар буда, аз 10-12 соат дар шабонарӯз пойин нахоҳад шуд.
Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, баъд аз ид ба лимити қаблӣ бармегарданд, вале он дар муқоиса бо 7 соат дар шабонарӯзи соли гузашта имсол 12 соат дар шабонарӯз – 6 соат субҳ ва 6 соат шомро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG