Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи маросими Ҳаҷ бо ширкати 2 миллион нафар


Маросими солонаи Ҳаҷ имрӯз дар шаҳри муқаддаси Макка идома мекунад. Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, имсол ба 1 миллиону 700 ҳазор нафар хориҷиён ҳаққи зиёрати Маккаву Мадинаро додаанд ва 200 ҳазор нафари дигар аз худи Саудӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс хоҳанд буд. Зиёрати Ҳаҷ панҷ рӯз идома мекунад ва имсол қарор аст, бештар аз 2 миллион нафар Маккаву Мадинаро зиёрат кунанд. Аз Тоҷикистон имсол 5 ҳазору 200 нафар ба зийорати Маккаву Мадина рафтаанд.
XS
SM
MD
LG