Пайвандҳои дастрасӣ

Вабо 120 нафари дигарро дар Ҳаитӣ куштааст


Мақомоти Ҳаитӣ эълом карданд, ки рӯзи якшанбе 120 нафари дигар бар асари бемории вабо ҷон додаанд. Ин беморӣ дар аксари 10 вилояти Ҳаитӣ мушоҳида шудааст. Вазорати беҳдошт гуфт, то кунун тақрибан 15 ҳазор нафар беморро дар шифохонаҳо табобат кардаанд ва танҳо 2300 нафари онҳо рӯзи ҷумъаи гузашта бистарӣ шуданд. Мақомоти Ҳаитӣ метарсанд, ки мабодо беморӣ ба ӯрдугоҳҳои осебдидагони заминларза дар атрофи пойтахт шаҳри Порто Принс сироят накунад, ки дар он ӯрдугоҳҳо садҳо ҳазор нафар ба сар мебаранд. Заминларзаи моҳи январ дар Ҳаитӣ бештар аз 250 ҳазор нафарро кушт ва тақрибан 1 миллиону 300 ҳазор нафарро бехонумон кард.
XS
SM
MD
LG