Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО панҷ сарбозашро дар Афғонистон талаф дод


Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО панҷ сарбози худро дар Афғонистон талаф додаанд. Ду сарбози онҳо рӯзи якшанбе дар ҷануби Афғонистон бар асари инфиҷори бомбҳои худсохт ҳалок шудаанд. Се сарбози дигари НАТО-ро ҷангҷӯён дар ҳамлае дар шарқи Афғонистон куштаанд. Ҳуввияти ин сарбозон бар асоси муқаррароти нерӯҳои эътилофӣ эълом нашудааст. Бино ба гузооришҳо сар аз соли равон то кунун 641 сарбози хориҷӣ дар Афғонистон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG