Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Исроил пешниҳоди Амрикоро баррасӣ мекунад


Бенянмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи якшанбе тарҳи Амрико ҷиҳати тавқифи шаҳраксозиҳо дар Канораи бохтарии Рӯди Ӯрдунро барои баррасӣ ба кобинааш пешниҳод кард. Амрико аз Исроил хостааст, дар ивази бастаи имтиёзҳои сиёсиву амниятӣ шаҳраксозиҳоро дар ин минтақа барои 90 рӯз мутаввақиф кунад. Гуфта мешавад, ин баста, мухолифати Амрико ба қатъномаҳои интиқодӣ алайҳи Исроил дар Созмони Милал ва ҳам замонатҳои дифоъӣ ва амниятиро пешбинӣ мекунад. Ташкилоти худгардони Фаластин ба ин пешниҳодот вокуниши манфӣ нишон дод, зеро ба гуфтаи фаластиниён, дар он тавқифи шаҳраксозиҳо дар Байтулмуқаддасти шарқӣ шомил нашудааст. Айни ҳол Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, баррасии пешниҳоди Амрико аз сӯи Исроил аломати "умедворкунанда" аст.
XS
SM
MD
LG