Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷашнвораи байналмиллалии варзишӣ дар Санкт Петербург


Имрӯз дар шаҳри Санкт Петербурги Русия ҷашнвораи байналмиллалии варзишии ҷамъиятҳои миллии муқими ин шаҳр баргузор шуд. Ин ҷашнвора ба Рӯзи байналмиллалии бурдборӣ иртибот дорад. Дар он дастаҳои варзишии шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон, Доғистон, Гурҷистон, ва дастаи мунтахаби кишварҳои арабӣ ширкат меҷӯянд. Дар ҷаҳорчӯбаи ин ҷашнвораи варзишӣ мусобиқоти мини-футбол, мусобиқоти гуштингирӣ ва ҳамчунин иҷрои баномаҳои ҳунарӣ дар назар гирифта шудааст. Ҷашнвораи байналмиллалии варзишӣ то 16-ӯми ноябр давом мекунад ва натиҷаҳои он ҳамон рӯз эълон мешавад.
XS
SM
MD
LG