Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими ҳаҷ дар Макка шурӯъ шуд


Имрӯз дар шаҳри Макка бештар аз 2 миллион нафар зоирини саросари ҷаҳон адои маросими ҳаҷро оғоз карданд. Ин маросим аз 14 қарн ба ин сӯ ҳар сол анҷом мегирад. Мақомоти расмии Арабистони Судӣ гуфтаанд, онҳо барои зоирини хориҷӣ 1-миллиону 700 ҳазор раводид содир кардаанд ва 200 ҳазор зоири дигар аз худи Арабистони Саудӣ ва кишварҳои арабиву Халиҷи Форс барои ҳаҷ ба Макка ворид мешаванд. Маросими ҳаҷ 5 рӯз давом мекунад. Ҳоло шумораи аҳолии мусулмони ҷаҳон чаҳоряки аҳолии сайораро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти мавҷуда, имсол барои адои маросими ҳаҷ бештар аз 5 ҳазору 200 зоири тоҷик ба Макка сафар кардаанд.
XS
SM
MD
LG