Пайвандҳои дастрасӣ

Соли байналмиллалии дипломати об эълон мешавад


Дар Кумитаи дуввуми Маҷмаи Умумии СММ пешнависи қатънома дар бораи эълони Соли байналмиллалии дипломатияи об пешниҳод шуд. Дар ин пешнавис соли 2012 Соли байналмиллалии дипломатияи об пешниҳод шудааст. Озарбойҷону Афғонистон, Тоҷикистону Қазоқистон ва Покистон муаллифони ин тарҳ мебошанд. Дар пешнавис омадааст, ҳамаи масъалаҳои мавриди баҳс дар заминаи истифодаи об метавонад аз роҳҳои дипломатӣ баррасӣ ва ҳал шавад. Дар он муаллифон ҳамчунин механизмҳои дипломатияи обро пешниҳод кардаанд. Дар санад омадааст, 22-юми марти соли 2011 дар Нию Йорк Рӯзи ҷаҳонии захоири об баргузор ва дипломатияи обӣ минбъад бояд ташвиқ шавад.
XS
SM
MD
LG