Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон чанд нафар аз интернет истифода мекунанд?


Бино ба маълумоти Анҷумани фароҳамкунандагони хадамоти интернетии Тоҷикистон, дар ин кишвар ҳоло 1 миллиону 600 ҳазор нафар ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ доранд. Парвина Ибодова-раиси ин анҷуман ба матбуот гуфтааст, 70 дарсади корбарони интернет сокинони шаҳри Душанбе мебошанд. Сокинони вилоятҳои Суғду Хатлон интернетро бештар барои почтаи электронӣ истифода мекунанд ва танҳо 25 дарсади онҳо, ки 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, интернетро чун сарчашмаи хабарӣ истифода мебаранд. Аммо тибқи маълумоти созмони ҷаҳонии "Internet World Stars", дар Тоҷикистон шумораи корбарони хадамоти интернетӣ танҳо 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG