Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе намоишгоҳи фаровардаҳои эронӣ идома дорад


Дар Душанбе дар Кохи Борбад 9-ӯмин намоишгоҳи молу колоҳои эронӣ идома дорад. Дар он 75 ширкати Эрон аз бахшҳои мухталифи иқтисод фаровардаҳои худро ба намоиш гузоштаанд. Дар ҳошияи ин намоишгоҳ тоҷирону сармоягузорони Эрону Тоҷикистон бо ҳам мулоқот мекунанд. Дар намоишгоҳ қолинҳои эронӣ, фаровардаҳои тиббиву кишоварзӣ, сомонолоти барқӣ, матоъҳои мухталиф, масолеҳи сохтмонии ширкатҳои гуногуни сохтмонӣ ба муштариён пешкаш шудааст. Саид Шариф-раиси утоқи тиҷоратии Тоҷикистон ба матбуот гуфт, Тоҷикистон беҳтарин кишвар барои сармоягузориҳои хориҷист. Бино ба маълумоти мавҷуда дар давоми соли гузашта мизони доду ситади миёни ду кишвар 20 дарсад боло рафта, 250 миллион долларро ташкил додааст. Аммо сафорати Эрон дар Душанбе гуфтааст, дар давоми 6 моҳи аввали соли 2010 тиҷорати миёни ду кишвар 60 дарсад афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG