Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай хостори коҳиши амалиёти низомии шабона шуд


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, вай мехоҳад, ки нируҳои Амрико амалиёти низомӣ дар Афғонистонро, ба вижа амалиёти шабонаро камтар кунанд. Вай гуфтааст, чунин амалиёт аҳолиро таҳрик мекунад, ки ба шӯришиёни Толибон бипайванданд. Вай ин суханонро ба рӯзномаи "Washington Post" изҳор доштааст ва гуфтааст, мумкин аст ин суханон муносибати вайро бо генерали амрикой Дэвид Петреус сард кунад, зеро вай стротегияи аслии мубориза бо шӯришиёнро дар "боздошту куштан" мебинад. "Washington Post" навиштааст, дар се моҳи гузашта дар чунин амалиёти шабона дар Афғонистон нируҳои вижаи Амрико 368 раҳбари шӯришиёнро ё боздошт кардаанд ё ба қатл расондаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG