Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аҳдномаи кулоҳакҳои ҳастаиро муҳим мешуморад


Имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аҳдномаи нави коҳиши аслиҳаи стротегӣ ё СТАРТ-ро баррасӣ карданд. То ҳол ин аҳднома дар Сенати Амрико ба мухолифат рӯ ба рӯст. Обама ва Медведев субҳи имрӯз дар Ҷопон дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои АПЕК ё узви ҳамкориҳои иқтисодии ҳавзаи уқёнуси Ором бо ҳам дидор ва гуфтугӯ карданд. Обама баъд аз ин мулоқот ҳангоме, ки бо рӯзноманигорон сухан мегуфт, ба аҳамияти ин аҳднома таъкид кард ва изҳор дошт, ки ҳар ду ҷониб бояд кулоҳакҳои ҳастаии худро то 30 дарсадӣ коҳиш диҳанд. Аҳдномаи нави ҷонибҳо моҳи апрел ба имзо расида буд, вале он бояд дар Сенати Амрико ба тасвиб расад.
XS
SM
MD
LG