Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари демократҳои Мянмар аз ҳабс раҳо шуд


Мақомоти давлатии Мянмар хонум Аунг Сан Су Чӣ, раҳбари ҷонибдорони демократия дар ин кишвари дорои режими шадиди низомиро аз ҳабси хонагӣ раҳо карданд. Сан Су Чӣ, барандаи ҷоизаи Нобел, тайи 14 соли ахир дар ҳабси хонагӣ ба сар мебурд.

Ниан Вин, вакили мудофеъ, дар назди хонаи Сан Су Чӣдар шаҳри Янгон дар бораи озодшавии ӯ аз ҳабс хабар дод. Қабл аз ин эълон мақомоти Мианмар ба хонаи Сан Су Чӣ рафтанд ва фармонро дар бораи раҳоии ӯ қироат карданд. Сипас ҳамаи монеаҳо ё девораҳои гузошташуда аз артофи хонаи вай бардошта шуд.

Аунг Сан Су Чӣ баъд аз раҳоӣ аз ҳабси хонагӣ ҷонибдорони худро ба хотири таъмини демократия дар ин кишвар ба ваҳдат даъват кард. Ӯ гуфт: "Мо бояд барои расидан ба ҳадаф як ҷо кор кунем".

Созмони Милали Муттаҳид ва ҳукуматҳои кишварҳои Ғарб аз раҳоии хонум Аунг Сан Су Чӣ истиқбол карданд. Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, эъломияе ба нашр расонд ва дар он Сан Су Чиро “манбаи илҳом барои ҷаҳониён” донист.

Дабири кулли СММ ҳамзамон аз режими Мианмар хост, ки зиндониёни дигари сисёсиро низ раҳо кунад. Бино ба иттилои созмонҳои байнулмилалии дифои ҳуқуқи башар, дар зиндонҳои Мянмар беш аз 2000 маҳсуби сиёсӣ ба сар мебарад.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, Аунг Сан Су Чиро "қаҳрамон" арзёбӣ кард. Ангела Меркел, нахуствазири Олмон раҳбари демократихоҳони Минамарро рамзи мубориза барои ҳуқуқи башар номид.

Аунг Сан Су Чӣ аз соли 1990 ба ин сӯ таҳти фишори ҳукумати Мянмар қарор дорад. Лигаи миллӣ барои демократияи таҳти раҳбарии ӯ дар интихоботи соли 1990 пирӯзии қотеъе ба даст овард, вале мақомоти низомӣ, ки аз соли 1962 ба ин сӯ умури Мянмар, Бирмаи собиқро дар панҷаи худ маҳкам нигоҳ медоранд, аз таҳвили қудрат ба ин ташаккули сиёсӣ сар печиданд ва мубориза бо демкоратихоҳонро шурӯъ карданд.
XS
SM
MD
LG