Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссиюни байнулмилалии таҳқиқи сарбандҳои азим дар Тоҷикистон ё TajCOLD мегӯяд, Узбакистон тайи даҳсолаҳои ахир ба таври махфиёна ва бидуни машварат бо кишварҳои ҳавзаи Арал дар қаламрави худ 75 обанбор бунёд кардааст.

Ҳомид Орифов, дабири комиссиюни миллии TajCOLD, ба хабарнигорон гуфт, Узбакистон дар ин обанборҳо оби рӯдхонаҳои Сир ва Омуро барои обёрии киштзорҳои паҳновари худ ва бар зарари баҳри Арал ҷамъоварӣ мекунад.

Изҳороти масъули ин комиссиюни таҳқиқотии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Тошканд тасмим гирифтааст конфронси байнулмилалиеро доир ба мушкили хушкшавии баҳри Арал рӯзҳои 16-17-уми моҳи ҷорӣ баргузор кунад ва заминаҳои ҳуқуқии истифода аз захоири оби минтақаро баррасӣ намояд. Ҷониби Тоҷикистон ба ин конфронс даъват нашудааст.

Дабири комиссиюни миллии TajCOLD мегӯяд, ҳадафи аслии баргузории ин ҳамоиш ҷилавгирӣ аз идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи ӯ, Узбакистон ҳамчунин талош дорад, нерӯи энержии худро ба Афғонистон ва Покистон содир кунад, то зарурате барои сохтмони Роғун ва кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ ба ин неругоҳ боқӣ намонад.

Ҷаноби Орифов муътақид аст, ки сиёсати Тошканд дар қиболи нерӯгоҳи Роғунро ҳукумати Русия ҷонибдорӣ мекунад. Ба қавли ӯ, баъзе гурӯҳҳо ҳамчунин нақша доранд, ки дар Тоҷикистон табаддулотеро ба мисли кишвари ҳамсояи Қирғизистон пиёда кунанд.

Узбакистон соли панҷум аст ба бунёди нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон мухолифат мекунад, дар ҳоле ки Тоҷикистон ин нерӯгоҳро омили ҳалли бӯҳрони энержӣ ва пешрафти иқтисодии худ мешуморад.

Баҳси Тошканд ва Душанбе тайи ду моҳи ахир шиддати нав гирифтааст. Қаблан раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, дар мулоқот бо мардуми кишвараш гуфт, мухолифати худро ба бунёди нерӯгоҳи Роғун идома хоҳад дод. Каримов гуфт, барои он ки обанбори Роғун аз об пур шавад, сокинони кишвараш бояд 8 сол об нанӯшанд. Вай афзуд, Узбакистон ба ин ҳол роҳ дода наметавонад.

Аммо ҷониби Душанбе ин иддаои Каримовро беасос меномад. Рустам Латифов, раҳбари Комиссияи экологии парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, обанбори Роғун аз ҳисоби саҳми оби худи Тоҷикистон аз дарёҳои фаромарзӣ пур мешавад ва ба маҷрои умумии об таъсир нахоҳад гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG