Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулфиристии муҳоҷирон тоҷик меафзояд


Интизор меравад, ки то поёни соли ҷорӣ пуле, ки муҳоҷирони корӣ аз саросари ҷаҳон ба кишварҳои худ мефиристанд, ҳудудан ба 325 миллиард доллар бирасад. Дар қиёс бо соли гузашта ин сармоя 18 миллард бештар аст. Соли гузашта маблағи муҳоҷирони корӣ 307 миллиард доллар шумурда шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ ин маблағҳоро сармоягузорӣ ба иқтисоди дохилии кишварҳои дар ҳоли рушд аз хориҷ арзёбӣ кардааст. Панҷ кишвар, яъне Ҳиндустону Чин, Мексикаву Филиппин ва Фаронса бузургтарин кишварҳои дарёфткунандаи пулҳои муҳоҷирони кории худ аз хориҷ дониста мешаванд. Масалан, Ҳиндустон 55 миллиард, Чин 51 миллиард ва Мексика, ки дар зинаи севвум аст, 22,6 миллиард доллар аз шаҳрвандони худ аз хориҷ дарёфт кардаанд.

Соли ҷорӣ пулҳои фиристодаи муҳоҷирон нисбат ба соли гузашта 6 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳамаи он пулҳои нақд аст. Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ кардааст, ки дар соли 2011 низ пули муҳоҷирони корӣ 6,2 дарсад афзоиш ёфта, ба 346 миллиард доллар мерасад. Соли 2012 ин пулҳо 8,1 дарсад афзоиш меёбад ва ба 374 миллард доллар хоҳад расид.

Дар миёни кишварҳое, ки пулҳои фиристодаи муҳоҷирон дар муқоиса бо даромади нохолиси миллӣ ё маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳисоб шудааст, Тоҷикистон дар зинаи аввал қарор дорад. Баъд аз Тоҷикистон Тонго, Лесотто, Молдова, Непал, Самоа, Гондурас ва амсоли он қарор доранд. Бино ба маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, соли 2009 пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ ба андозаи 35 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар будааст.

Дар як гуфтугӯ бо Сударшан Канагараҷа-мудири бахши Бонки Ҷаҳонӣ дар умури муҳоҷират дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар Вашингтон аз вай пурсидам, то чӣ андоза пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ барои иқтисоди ақибмондаи Тоҷикистон ва хонаводаҳои худи муҳоҷирон сарчашмаи муҳими молӣ дониста мешавад?

Ҷавоб: Тоҷикистон кишвари камназир аст. То соли 2003 вуруди сармояҳои зиёд аз муҳоҷирони корӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мушоҳида намешуд, аз онҳо танҳо 146 миллион доллар ворид шуд, ки ба 5 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар баробар буд. Вале дар соли 2008, яъне баъд аз 5 сол, пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба хонаводаҳояшон ба авҷи олӣ расид ва 10 баробар афзоиш ёфт, яъне ба 2,5 миллиард доллар расид. Ин маблағҳо ба 45 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар шуд. Истеъмолот боло рафт. Бад-ин тариқ ин маблағҳо дар он вақт ба сарчашмаи муҳими даромад ва рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфт, кишваре, ки дар даҳсолаи ахир рушди солонаи он ба ҳисоби миёна 8 дарсадро ташкил медиҳад. Шумораи зиёди хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ дар ҳолати фақр ба сар мебаранд. 70 дарсади муҳоҷирони корӣ аз манотиқи дурафтода ҳастанд. Ба ҳамин сабаб ин маблағҳо василаи муҳими беҳбуди шароити зист ва рушди манотиқи дурафтодаи Тоҷикистон низ мебошад.

Суол: Ҷаноби Сударшан, муҳоҷирони Тоҷикистон аслан дар Русия кор мекунанд. Шумо фикр намекунед, ки сатҳи баланди бекорӣ дар Русия ва маҳдуд кардани квотаҳо барои муҳоҷирони кории хориҷӣ ба маблағҳои ирсолии муҳоҷирон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ , аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад?

Ҷавоб: Шумо комилан дуруст мегӯед. Ин ҷо масъала каме печида аст. Тибқи маълумоте, ки мо дорем, вуруди маблағҳои муҳоҷирон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давоми 5 соли гузашта ба ду масъала иртибот доштааст. Аввал, ба нархи нафт ва дуввум ба рушди иқтисоди Русия. Ба ҳамин тартиб дарки ин масъала муҳим аст, ки рушди иқтисоди Русия, содироти Русия ва беҳбуди вазъ дар бозори кори Русия нишондиҳандаи муҳим ба шумор меравад. Маблағҳои ирсолии муҳоҷирони корӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба ҳамин нишондиҳандаҳо вобаста аст. Бо вуҷуди ин набояд фаромӯш кард, ки муҳоҷират раванди сарбаста нест. Ин раванд дар саросари ҷаҳон ҳамеша дар ҳоли тағйир аст. Масалан, имрӯз ҳар кас метавонад бигӯяд, ки беш аз 90 дарсади муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия касби зарурӣ надоранд. Албатта, ин раванд наметавонад давом ёбад, зеро иқтисоди Русия дар ҳоли тағйир аст, пеш меравад, таҷдид мешавад. Барои ҳамин Русия ба муҳоҷирони кории дигар ниёз дорад. Масалан, барои сохтмон ин кишвар ба як гурӯҳи муҳоҷирони корӣ ниёз дорад, вале барои тавлидоти санъатӣ ба муҳоҷирони дигар. Ин таҷрубаи ҷаҳонист. Барои ҳамин кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд бифаҳманд, ки ояндаи маблағҳои ирсолӣ ва ояндаи муҳоҷирати корӣ ба Русия танҳо ба қонунҳои танзими муҳоҷират вобаста нест. Албатта ба он вобаста хоҳад буд, ки шумо чӣ навъ муҳоҷиронро содир мекунед.

Суол: Шумо дар ояндаи наздик чӣ дурнамоеро дар заминаи сармоягузорӣ аз хориҷ мебинед, манзурам ҳамин маблағҳои ирсолии муҳоҷирон аз хориҷ аст, албатта бо назардошти пешбиниҳои Бонки Ҷаҳонӣ?

Ҷавоб: Бале, биёед дар қадами нахуст дар бораи Тоҷикистон ҳарф занем, он гуна, ки шумо медонед, яке аз падидаҳое, ки дар Осиёи Марказӣ мо мушоҳида мекунем, дар соли 2009 дар натиҷаи бӯҳрони молии саросарӣ ва кунд шудани рушди иқтисод дар Русия маблағҳои ирсолӣ коҳиш ёфт. Барои кишварҳое, ки маблағҳои муҳоҷирон сарчашмаи муҳими табодули пулҳои хориҷӣ ба шумор меравад, соли оянда соли муҳим дониста мешавад. Он гуна, ки ман ба шумо гуфтам, соли 2008 авҷи олии фиристодани маблағҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон буд. Ба фикри ман, то соли 2012 ё 2013 Тоҷикистон ба ин сатҳ хоҳад расид. Пешгӯии мо дар бораи Тоҷикистон ин аст, ки маблағҳои ирсолии муҳоҷирони корӣ имсол, соли 2010 25 дарсад афзоиш меёбад. 10 дарсади дигар соли оянда афзоиш хоҳад ёфт. Дар саросари ҷаҳон низ маблағҳои муҳоҷирон коҳиш ёфтааст, барои он, ки содирот коҳиш ёфтааст. Ниёз ба содирот кам шудааст. Кишварҳои, ки коло содир мекунанд ба нерӯи камтари корӣ ёҳтиёҷ доранд.
XS
SM
MD
LG