Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аунг Сан Су Чӣ аз ҳабси хонагӣ раҳо шуд


Мақомоти давлатии Мианмар хонум Аунг Сан Су Чӣ-раҳбари ҷонибдорони демократия дар ин кишварро аз ҳабси хонагӣ раҳо карданд. Ниан Вин-вакили мудофеи вай дар шаҳри Янгон дар назди хонаи Сан Су Чӣ гуфт, "Вай озод аст". Қабл аз ин эълон мақомоти Мианмар ба хонаи вай рафтанд ва фармонро дар бораи раҳоиаш қироат карданд. Сипас ҳамаи монеаҳо ё девораҳои гузошташуда аз артофи хонаи вай бардошта шуд. Сан Су Чӣ дар давоми 21 соли гузашта 14 сол дар ҳабс ба сар бурдааст. Баъд аз интихоботи Мианмар раҳоии Аунг Сан Су Чӣ-барандаи ҷоизаи Нобел рӯзи шанбе дар назар гирифта шуда буд.
XS
SM
MD
LG