Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози мардумӣ дар Ҷопон бар зидди боздиди Ҳу Ҷинтао


Рӯзи шанбе ҳазорон нафар тазоҳуркунандагон парчамҳои Ҷопон дар даст бар зидди Ҳу Ҷинтао-раиси ҷумҳури Чин дар хиёбонҳои Ёкоҳамаи Ҷопон эътироз карданд. Ҳу Ҷинтао барои ширкат дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви АПЕК ё Ҳамкориҳои иқтисодии ҳавзаи уқёнуси Ором ба Ёкоҳама омадааст. Тазоҳуркунандагон дар даст ҳамчунин парчамҳои Туркистони Шарқӣ, Тибет ва Муғулистони ҷанубиро доштанд ва ба Ҳу Ҷинтао чунин шиор медоданд: "Қаламрави моро ҳимоят кун", "Империолизмро шикат деҳ". Чин кишвари дорои қавмҳову миллиятҳои гуногун аст ва контроли Чин бар қаламравҳои онҳо масъалаи ҳассос мебошад.
XS
SM
MD
LG