Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон кай Иди Қурбонро баргузор мекунад?


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи баргузории Иди Қурбонро 16-ӯми ноябр муқаррар кардааст. Иди Қурбон яке аз ду иди мусулмонҳост ва онро ҳар сол мусулмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа, яъне баъд аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мекунанд. Иди Қурбон дар Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад ва ин рӯз рӯзи таътил эълом шудааст. Ҳамасола раиси ҷумҳур низ расман аз тариқи радио ва телевизионҳои давлатӣ мардуми мусулмонро ба рӯзи ид табрик ва аз сокинон дархости кӯмак ба бенавоён мекунад.
XS
SM
MD
LG