Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 13-уми ноябр, дар толори Борбади шаҳри Душанбе намоишгоҳи миллии ҷумҳурии исломии Эрон ифтитоҳ шуд. Қарор аст, дар муддати панҷ рӯз маҳсулоти 75 корхона ва ширкатҳои тавлидотии устонҳои мухталифи Эрон дар маърази тамошои сокинону меҳмонони пойтахт қарор бигирад.

Намоишгоҳ то рӯзи 17-уми ноябр идома хоҳад ёфт. Эрон дар ин намоишгоҳ маводи хӯрока, ашёи рӯзгор, масолеҳи сохтмонӣ, мебел ва қолиҳои эрониро муаррифӣ мекунад.

Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамзабон унвон шудааст.

Ширкатдорон ва масъулини ширкатҳо мутмаинанд, ки иртибототи тиҷорату сармоягузорӣ ба рушди иқтисоди ҳар ду кишвар кӯмак хоҳад кард.

Тоҷикистон ва Эрон, ду кишвари ҳамзабон ва дорои муштаракоти фарҳангӣ ва таърихӣ, аз сатҳи хуби муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бархӯрдоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG