Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи нируҳои бйналмиллалӣ


Бино ба гузоришҳои расида аз Афғонистон, шӯришиёни Толибон дар фурудгоҳи шаҳри Ҷалолобод дар вилояти Нангарҳор ба нируҳои эътилофи байналмиллалӣ ҳамла бурдаанд. Аз ҷониби нируҳои байналмиллалӣ 3 нафар кушта шудаанд. Нируҳои НАТО ва артиши Афғонистон дар ин даргирӣ чанд нафар аз шӯришиён, аз ҷумла чанд нафареро, ки камарбандҳои мунфаҷира доштаанд, ба қатл расондаанд. Фармондеҳони нируҳои Афғонистон мегӯянд, Толибон дар наздикии фурудгоҳ ба посгоҳи нируҳои эътилофи байналмиллалӣ субҳи барвақт ҳамла кардаанд. Аз ҳаво чархболҳои нируҳои НАТО ба ин шӯришиён оташ кушодаанд. Худи нируҳои НАТО дар эъломияе гуфтаанд, ки шӯришиён ба пойгоҳи онҳо дар наздикии фурудгоҳ ҳамлае анҷом додаанд. Бино ба хабари нируҳои НАТО дар оташи ҷавобӣ 8 нафар шӯришӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG