Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз содирот ҳушдор дод, Чин ислоҳот ваъда кард


Барак Обама-раиси ҷуҳури Амрико дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви АПЕК ё ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳавзаи уқёнуси Ором дар шаҳри Ёкоҳамаи Ҷопон гуфт, "яке аз сабақҳои муҳиме, ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон ба мо дод, ин аст, ки мо бояд вобастагии истеъмолкунандагони амрикоиву осиёиро барои рушди иқтисод маҳдуд кунем". Вай дар ин бора кишварҳоеро мисли Чин дар назар дорад. Ҳу Ҷинтао-раиси ҷумҳури Чин низ зимни суханронии худ дар ҳамоиши раҳбарони тоҷирону соҳибкорон гуфт, Чин мехоҳад ниёзҳои дохилии худро барои колоҳо афзоиш диҳад, вале тағирот барои иҷрои пешниҳодҳои матраҳшуда тадриҷан амалӣ мешавад. Вай гуфт, дар бахши мубодилаи арз низ Чин ислоҳоте анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG