Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акнун дар Тоҷикистон низ сомонаи "Авеста" боз мешавад


Зафар Абдулло-раҳбари хабаргузории "Авеста" дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод, ки аз нимаи дуввуми рӯзи 12-ӯми ноябр дастрасӣ ба сомонаи интернетии ин хабаргузорӣ дар Тоҷикистон имконпазир шудааст. Сомонаи «Авеста" 29 сентябр аз фаъолият бозмонд. Рӯзноманигорон манъи фаъолияти ин сомонаро ба пӯшиши амалиёти Камароб ва нашри матолиби интиқодӣ дар саҳифаҳои интернетӣ бастагӣ медиҳанд. Ҳамроҳ бо сомонаи "Авеста", яъне avesta.tj дстрасӣ ба сомонаҳои интернетии tjknews.com, ferghana.ru ва centrasia.ru низ дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шуд ва 3 нашрияи мустақили чопи Душанбе – “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” дар нашри худ ба маҳдудият дучор шуданд ва аз чоп набаромаданд.
XS
SM
MD
LG