Пайвандҳои дастрасӣ

Соманаи интернетии оҷонси иттилоърасонии "Авеста" пас аз масдудияти беш аз як моҳа, дубора фаъол шуд. Зафар Абдулло, раиси оҷонси "Авеста" бо тайиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки дастрасӣ ба ин сомонаи хабарӣ сар аз нимарӯзи 12-уми ноябр мумкин шудааст.

Зафар Абдуллоев, ба суоли РО дар бораи он, ки оё ниҳоят иллати аслии баста шудани сомонаи онҳо рӯшан гаштааст ё хайр, чунин посух дод:
«Шахсан барои ман ин муаммо аст. Намедонам, ки барои чӣ ва кӣ баст сомонаи мо ва дигар сомонаҳоро ва ки ва барои чӣ боз карданд. Ба назари ман ҷои шодмонӣ ва шукргузорӣ нест. Балки ман баъид медонам, ки боз чунин вазъ такрор нашавад. Барои ҳамин ҳам, мо бояд омода бошем ва мубориза кунем бо чунин маҳдудкуниҳои расонаҳои озод ва қонушиканиҳо».

Нақши муассири ваҳдати рӯзноманигорон

Оқои Абдуллоев мегӯяд, дар ҳалли мушкили сомонаи онҳо ӯ нақши ваҳдати рӯзноманигоронро басо муаассир меҳисобад. Ба гуфтаи ӯ, «Кумитаи 29 сентябр», ки дар рӯзҳои аввали баста шудани расонаҳои хабарӣ ва чанд ҳафтаномаи мустақил созмон ёфт, дар ин росто нақши муассир ифо намуд. Ҷаноби Абдуллоев инчунин вокуниши сареи Анҷумани расонаҳои мутақили Тоҷикистон ё НАНСМИД, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрико дар Тоҷикистонро низ, дар ҳалли ин қазиия муҳим арзёбӣ мекунад.

Ва аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон зимни истиқбол аз боз шудани сомонаи «Авесто», бо изҳори тааассуф гуфт, вай фазои иттилоотии кишварро ҳанӯз печидаву ноором меҳисобад ва мегӯяд агар вазъ чунин, яъне маҳдудсозии фаъолияти Васоити ахбори озод аз ҷониби мақомоти ҳукуматӣ ба чунин шева идома пайдо кунад, итминон дорад, ки обрӯи давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ поин хоҳад рафт.

«Хуб аст, ки «Авеста» боз шуд, вале тақдири расонаҳои дигар ҳануз рӯшан нест. Аз ҷумла нашрияҳои мустақил. Агар ҳамин тавр идома кунад, итминон дорам, ки ин ҳодисаҳо ба имиҷи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ зарба мезанад»

Нигарониҳо ҳанӯз рафъ нашудааст

Нуриддин Қаршибоев аз боз нашудани сомонаҳои иттилоотти дигар ва ҳамчунон бо баҳонаҳои мухталиф чоп нашудани нашрияҳои мустақили "Фараж", "Пайкон" ва "Нигоҳ" изҳори нигаронӣ карда ин амалро ғайриқонунӣ медонад ва мегӯяд, Анҷумани милии расонаҳои мустақил дар ҳамдастӣ бо «Кумитаи 29-и сентябр» тасмим доранд, ин мушкилро то охир пайгирӣ кунанд, сабабгорони ба миён омадани ин мушилро пайдо ва аз мақомоти ҳифзи қонун тақозо кунанд, ки дар доираи қавонини ҷорӣ, ин афрод ба амалкардашон ҷавоб диҳанд:

«Мо бо «Кумитаи 29-и сентябр» кӯшиш карда истодаем, ки сабабҳо ва нафарони гунаҳкори ин қонушиканиро рӯшан созем ва аз болои онҳо даъво пеш орем. Вале афсӯс, ки ин корҳо ба таври пӯшидаву пинҳонӣ сурат мегиранд ва ҳанӯз касе масъулияти онро ба гардан нагирифтааст».

Кумитаи 29-и сентябр

Ба ин тартиб, сомонаи «Авеста”, ки ба забони русӣ матлаб омода мекунад, 29 сентябр аз фаъолият бозмонд. Рӯзноманигорон манъи фаъолияти ин сомонаро ба пӯшиши амалиёти Камароб ва нашри матолиби интиқодӣ дар саҳифаҳои интернетӣ марбут медонанд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва рӯзномаҳо, сардабирони як идда аз нашрияҳои мустақил ҳамроҳ бо созмонҳои ҳуқуқиву дифоъ аз матбуот, Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи касбии хабарнигорон бо номи “Кумитаи 29-и сентябр”-ро таъсис дода буданд. Номи ин кумита аз рӯзи баста шудани расонаҳо гирифта шуда ҳадафи он барқарор кардани вазъи қаблии озодии баён ва ҳамоҳанг сохтани талошҳо ҷиҳати оддӣ сохтани вазъи буғранҷгаштаи матбуот дар Тоҷикистон будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG