Пайвандҳои дастрасӣ

Чомеашиносони точик мегӯянд, тайи солхои ахир падидаи бисёрникохӣ дар Точикистон ба раванд табдил меёбад ва шумори мардони серникох меафзояд. Танхо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ, 118 мард бо ҷурми бисёрникоҳӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст.

Ҳар касе хонум Маликаро бинад, аз ҳусни ӯ чашм канда наметавонад: қади баланду лоғарандоми ӯ, пӯсти шир барин сафеду чашмони сабзаш ӯро аз миёни даҳҳо зани дигар ҷудо мекунад.

Қиссаи Малика.....

Замоне, ки шавҳари Малика дар ҷангҳои дохилӣ кушта шуд, ӯ 23 сол дошт ва бо писарчаи чаҳорсола дар даст танҳо монд. Вале ҳусни зебои ӯ ҳамеша вирди забони мардум буд ва баъди муддати кӯтоҳе як қумандони 38-солаи собиқ нерӯҳои мухолифин дар ноҳияи Ғарм Маликаро ҳамсари дуввуми худ хонд.

Хонум Малика мегӯяд, солҳои аввали зиндагӣ худро хушбахт эҳсос мекард ва нозпарварди шавҳараш буд. Ӯ мегӯяд, қумандон рӯзгорашро таъмин мекард ва писари ӯро аз рӯзи аввал чун фарзанди худ қабул кард.

Аммо бахту хурсандии ӯ дер напоид. Баъди таваллуди фарзанди сеюм шавҳари Малика зани севвум гирифт. Малика бо аламу ҳасрат мегӯяд: “Ҳамаи зиндагиам аз сарам рафт. Хӯрок дар гулӯям мемонд. Дар чилла будам, шири синаҳоям талх шуд. Бачаи навзодам аз сина монд”.

Хонум Малика ҳоло соҳиби шаш фарзанд аст ва маҷбур аст, зиндагӣ бо шавҳари «кабӯтари себома»-ашро таҳаммул кунад, зеро дигар пуштибон ва такягоҳе ба ҷуз ӯ надорад.

Афзоиши бисёрникоҳӣ дар кишвар

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 118 мард бо ҷурми бисёрникоҳӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст, соли гузашта дар ҳамин муддат 126 нафар бо ин гуноҳ айбдор шудаанд. Вале ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, шумори воқеии бисёрникоҳӣ ба маротиб бештар аст.

Мушкил ин аст, ки ҳеҷ яке аз ҷонибҳо омода нест аз шавҳар, аммо падари фарзандонаш ба додгоҳ шикоят кунад. Аз сӯи дигар, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳам бо баҳонаи дахолат накардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон ингуна мардонро ба ҷавобгарӣ намекашанд.

Ҷомеаи Тоҷикистон бо падидаи бисёрҳамсарӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ рӯбарӯ шуд, вақте бисёре аз мардони ноновари хона кушта шуда, занону духтарҳои зиёд бепуштибону танҳо монданд.

Марям Давлатова, коршиноси умури занон мегӯяд, бисёрҳамсарӣ баъди ҷанги шаҳрвандӣ то андозае идома дошт, ба он хотир, ки шумори ҷавононе, ки домодҳои эҳтимолӣ буданд, кам шуд. Баъдтар мушкилоти моддӣ сабаби дигар шуд.

Ҷонибдорон ва мухолифони бисёрникоҳӣ

Ахиран як матлабе дар сомонаи интернетии радиои Озодӣ бораи муҷозоти 45 мард дар вилояти Хатлон барои бисёрникоҳӣ баҳсҳои зиёди хонандагонро ба бор овард. Ин мавзӯъ хонандагонро ба ду гурӯҳ – тарафдорон ва мухолифини бисёрникоҳӣ тақсим кард.

Гурӯҳи аввал мегӯянд, ба хотири кам шудани шумори занҳои ниёзманду танфурӯши тоҷик дар кӯчаву хиёбонҳо, ба издивоҷи батакрори як мард бартарӣ медиҳанд. Мухолифон бар ин назаранд, ки паст шудани мавқеи зан дар чашми мардон, боиси камэҳтиромӣ ва беқадрии занон дар ҷомеа шудааст.

Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори ҳафтаномаи “Озодагон” афзоиши бисёрзаниро ба паст будани сатҳи маънавиву маърифатии ҷомеа, пеш аз ҳама худи занҳо рабт медиҳад. Ӯ меафзояд, дар сурати пош хӯрдани оила, боз ҳам бо сабаби ноогоҳии занҳои дуюм аз ҳуқуқи қонуниву мазҳабии хеш, онҳо аз ҳама ҷо ронда мешаванд.

Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, имрӯз шумори он мардоне кам нест, ки на бо сабаби беморӣ, нотавониҳои ҷисмонӣ ва ё мушкилоти дигар майл ба издивоҷи дубора доранд.

Фаъолияти созмонҳои муҳофизи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон баъди пош хӯрдани низоми шӯравӣ агар аз сӯе барои боло бурдани сатҳи огаҳии сиёсиву ҳуқуқии занҳо мусоидат карда бошад, аммо натавонист падидаи бисёрҳамсариро решакан кунад.

Бисёрникоҳӣ ба раванд табдил меёбад

Дар ин солҳо баръакс таҳаммули ҷомеа нисбати ингуна хонаводаҳо афзуда, ҳоло ҳамсоягӣ бо занони дуюму сеюм дигар оддӣ қабул мешаванд. Ҳоло ҳеҷ кас ҳайрон намешавад, агар бишнавад, ки як мансабдоре ҳунарманди ҷавонеро зани дуюм хондаасту як хабарнигори номдор зани дуввуми соҳибкори серпуле шудааст.

Мунаққидон мегӯянд, барои мубориза бо бисёрҳамсарӣ бояд на танҳо марди бисёрникоҳ, балки нафаре, ки хутбаи чунин никоҳро мехонад, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Вале ҷомеашинос Марям Давлатова мегӯяд, ин масъала саҳл нест, чунки сухан дар бораи масъулияти занҳо низ меравад, ки огоҳона ба бунёди оила бо як марди оиладор розӣ мешаванд:

Вай меафзояд: “Қонун фақат мардонро муҷозот мекунад. Вале агар аз нигоҳи баробарии гендерӣ нигоҳ кунед, мебинед, ки никоҳ бе розигии зани дуюм намешавад. Ман фикр мекунам, қонун бояд дар он ҳолат дахолат кунад, ки вақте ҳуқуқи ин зан ба моликият поймол шуд. Ҳамон вақт мард метавонад мавриди муҷозот қарор гирад”.

Оё бисёрникоҳӣ хоси ҷомеаи Тоҷикистон аст?

Ҷомеашиносон мегӯянд, аслан падидаи бисёрҳамсарӣ танҳо хоси ҷомеаи Тоҷикистон ё давлатҳои исломӣ нест. Ҳодисаҳои ҳамсонро мешавад дар ҷомеаи Аврупо ё Амрико ҳам мушоҳида кард, вале тафовут дар ин аст, ки дар кишварҳои ғарбӣ чунин ҳодисаҳо кам мушоҳида мешавад.

Дар Ҷумҳурии исломӣ Эрон қонун равобити хонаводагии зану шавҳарро низ аз рӯи муқаррароти шариат танзим карда, риоя шудани ҳуқуқи занро ба ҳангоми издивоҷи батакрори мард қатъиян талаб мекунад. Мардони эронӣ дар маҷмӯъ на аз гирифтани зани дуюму сеюм, балки аз масъалаи таъмини иқтисодиву риоя шудани ҳуқуқи онҳо андеша мекунанд.

Рӯъё Карими Маҷд, хабарнигори Радио Фардо, мегӯяд, тарҳи қонуни нав оид ба иҷозаи никоҳи дуюм ва сеюм, ки ба маҷлиси Эрон пешниҳод шудааст, ҳоло мавриди мухолифати шадиди гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи занон ва созмонҳои ҷамъиятӣ қарор гирифтааст.

Хонуми Маҷд аз вуҷуди як суннати қадимаи бо номи “сиға” дар ҷомеаи шиамазҳаби Эрон ҳам ёдовар шуд, ки ба зану марди расман издивоҷнокарда иҷозаи ҳамзистии муваққатро фароҳам меорад.

Вай гуфт: “Сиға то ба ҳол маҳмили бисёр хубе будааст. Барои он, ки то имрӯз вақте полис меояду ба духтару писаре, ки дар як мошин нишастаанд, мегӯяд: шумо чӣ робитае миёни ҳам доред? Онҳо мегӯянд, сиға кардаем, полис муваззаф аст, ки бипазирад. Ҳеҷ оморе дар мавриди он, ки чӣ теъдоде аз мардон беш аз як зан доранд, вуҷуд надорад”.

Ӯ афзуд, айни замон чунин мавридҳо хеле каманд ва дар миёни қишри “хеле маҳдуди ҷомеаи Эрон” риоят мешавад.

Дар Қирғизистон вазъ шабеҳи Тоҷикистон аст

Вазъи Қирғизистон дар масъалаи бисёрникоҳӣ шабеҳ ба шароити Тоҷикистон аст. Ҷанил Чутурбоева, хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ, мегӯяд, азбаски занҳои дуюму сеюми қирғиз маъмулан аз болои шавҳарҳои худ шикоят намекунанд, мавридҳои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани мардон дар Қирғизистон ангуштшумор аст. Ҷанил гуфт:

Мо медонем, ки президенти собиқ Қурмонбек Боқиев як зани қонунӣ дошт, ки ба унвони хонуми раҳбар дар маъракаҳои расмӣ дар мазҳари ом ҳозир мешуд. Шоеаҳое дар бораи зани дуюми ҷавони ӯ зиёд буд. Вақте ӯ ба Беларус фирор кард, Лукашенка, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар як изҳороташ гуфт, ки Боқиев ҳамроҳ бо аҳли хонаводаву фарзандонони наврасаш ба Минск омадааст, мо ҳайрон шудем. Аввал ин, ки ин нахустин изҳороти расмӣ дар ин замина буд ва дигар ин, ки мо аз ин пеш медонистем, ки ӯ ду писари бузург дорад. Вақте аксҳои ӯ бо зану бачаҳои наврас пайдо шуд, мо дидем, ки ӯ бо зани дуюмаш фирор карда будааст”.

Хонум Чутурбоева афзуд, ки ҳоло дар ҷомеаи Қирғизистон занҳо агар барои ҳамзистӣ ва таваллуди фарзанд аз марди оиладоре розӣ шаванд, ба ин кор асосан бо далелҳои иқтисодӣ иқдом мекунанд. Ӯ гуфт дар маҷмӯъ шумори ингуна хонаводаҳо то рафт коҳиш меёбад, ба он хотир, ки фаъолияти созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон ва матбуоти озод дар ин кишвар назар ба ҳама дигар манотиқи Осиёи Марказӣ, хеле барҷаста будааст.

Муаррихон ва равоншиносон мегӯянд, бисёрникоҳӣ маъмулан дар ҷомеаҳое густариш меёбад, ки бо кадом шикаст, садама ё низои иҷтимову сиёсӣ рӯбарӯ шудаанд, чунки дар ин марҳила тамоми меъёрҳои амалкунандаи ахлоқиву маънавӣ хароб мешаванд.

Ин яке аз маризиҳои иҷтимоиест, ки низоми мавҷудаи ҷомеаи мутамаддинро ба ҳам мезанад ва ба нақши суннатии зан ва мард дар хонавода, чун ҷузви муҳими ҷамъият, таъсиргузор мешавад. Тоҷикистон ҳам ҳоло аз чунин як марҳилаи начандон осони таърихӣ убур мекунад ва аз ҳамин хотир ҳам бояд аз он ҳаросид, ки ин падида ба як қоидаи нави низоми нави зиндагӣ табдил нашавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG