Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон рӯзи баргузории Иди қурбон дар кишварро рӯзи 16-уми ноябр муқаррар кардааст. Ин тасмим дар нишасти имомхатибони кишвар бо раҳбарии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси тозаинтихоби шӯрои уламо, гирифта шудааст.

Соати ҳафтуними 16-уми ноябр дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар намози Иди қурбон хонда хоҳад шуд.

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусулмонҳост ва онро ҳамасола мусулмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа, яъне баъд аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз афроди тавонманд қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои бенаво ва мардумони дастнигар кӯмак менамоянд.

Пас аз адои намози ид, мусалмонон тибқи русуми исломӣ барои қурбонӣ мешитобанд ва сипас ба зиёрати мазори наздиконашон мераванд

Рӯзи Иди Қурбон барои кӯдакон низ як рӯзи фараҳманд дониста мешавад. Дар ин рӯз одат аст, ки субҳи барвақт кӯдакон дар танҳоӣ ва ё якҷоя ба дари ҳамсояву наздикони худ бираванд ва идро барои онҳо муборакбод гуфта, дар ивазаш шириниҳо ҳадя гиранд.

Иди Қурбон дар Тоҷикистоне, ки 97 дарсади сокинонаш мусулмонанд, аз соли 1991 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад ва ин рӯз рӯзи таътил эълом шудааст. Ҳамасола раиси ҷумҳур низ расман аз тариқи радио ва телевизионҳои давлатӣ мардуми мусулмонро ба рӯзи ид табрик ва аз сокинон дархости кӯмак ба бенавоён мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG