Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Тоҷикистон то ба Моҳ


Иброҳимҷон Рустамов
Иброҳимҷон Рустамов

Ҳамчун донишҷӯ дар Донишгоҳи Ҳартфорд дар иёлати Коннектикут, китобҳои дарсиамро аз мағозаи интернетии Амазон харидорӣ мекунам. Ман калимаи “Тоҷикистон”-ро дар мағозаи китобфурушии Амазон ҷустуҷӯ карда китоби “Аз Тоҷикистон ба Моҳ”-ро дарёфт кардам, ки манро хеле ба тааҷуб овард. Хостам бештар маълумоте дар бораи ин китоб дошта бошам ва иттилооте дар бораи муаллиф пайдо намоям.

Фикр кардам, ки эҳтимолан метавонам бо муаллифи ин китоб дар тамос шуда зиндагинома ва аксашро дархост намуда ба донишномаи Википедиа бо забони инглисӣ як мақолаеро эҷод намоям. Нишонаи почтаи электрониашро бо осони дар Интернет пайдо кардам ва ба ӯ тамос гирифтам. Аз дарёфти посух аз Роберт Фримзитс ба номаам хеле хурсанд шудам ва ба хайрат мондам, ки ман якумин ва ягона Тоҷикистониам, ки бо вай пас аз солҳои тӯлонӣ пас аз тарки Тоҷикистон пеш аз ба охир расидани Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар тамос гирифтааст. Бо кӯмаки муаллиф дар донишномаи Википедиа бо забони инглисӣ як мақолаеро бо расмаш эҷод кардам. Баъд аз чанд рӯзе мо як дигарро дар шабаки иҷтимоии Фейсбук – Рухнома (Facebook) пайдо карда бо ҳамдигар пайвастем.

Тобистони соли ҷорӣ дар шаҳри Лос Анҷелеси иёлати Калифорниё ба таҷрибаомӯзи машғул будам. Роберт Фримзитс аз ман хабардор
Роберт Фримзитс ва Иброҳимҷон Рустамов
шуда манро ба хонааш ба меҳмони даъват кард. Ман аз пайдо кардани имконияти вохури бо Роберт Фримзитс ва ҳамсарашро хеле хурсанд шудам ва як чанд соат дар бораи солҳои кӯдакиаш дар Тоҷикистон сӯҳбат кардем. Ман ба ин марди бузург, ки ҷонашро дар ҷанги хунинтарини дар таърихи башарият халос кардааст ва ҳам чунин ба барномаҳои кайҳонӣ ва дифоии Амрико кӯмак расонидааст, шинос шудам.

Ҷанги Дувуми Ҷаҳон миллиюнҳо нафарро дар сар то сари ҷаҳон аз ҳам дигар ҷудо кард. Бисёр одамон маҷбур шуданд, ки макони зисти худро дигар намоянд. Хонаҳо, рустоҳо ва шаҳристонҳо куллан нобуд ва таҳти ишғол қарор гирфтанд, бисёре аз фирориён барои наҷоти ҷони худ ва ба ҷустуҷӯи сарпаноҳӣ дар маконҳои дур ва хориҷ аз кишвар баромаданд. Сокинони қисми ғарбӣ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки таҳти ишғоли миллатгароёни Олмонӣ қарор гирифта буд ба шарқ мекӯчиданд. Ба таври хос, барои гурезагони гурусна ва хаста, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун паноҳгоҳи амн буданд.

Вақте ки Олмони миллатгаро ба Шӯравӣ ҳамла карда манзилашонро дар Молдова вайрону валангор кард, Роберт Фримзитс даҳ сол дошт. Роберт ҳамроҳои падару модараш зери бомбаборониҳои ҳавопаймоҳои ҷангии миллатгароён беш аз 3000 километр роҳ гашта гурусна пас аз се моҳ ба Тоҷикистон расиданд. Онҳо дар кулбаи гилӣ дар хиёбони Самаркандская 38 дар Сталинобод (ҳозира Душанбе) зиндагӣ мекарданд. Дар тӯли солҳои ҷанг тамоми манобеъ барои ҷанг ва пуштибонӣ нирӯҳои шӯравӣ сарфа мешуд, ки натиҷааш камбудии ғизо ва гуруснагӣ дар ақибгоҳ буд. Паноҳандагон аз камбудии манзили зист ва маводи ғизоӣ хеле ранҷ мекашиданд. Роберт мегӯяд, ки вай аз гуруснагӣ харобу лоғар шуда буд. Ӯ маҷбур шуд таҳсилро тарк карда дар синни дувоздаҳ солагиаш барои ёфтани нони иловагӣ машғули коре шавад. Падараш дар мудофиаи Сталинград захмдор шуда буд. Вақте ки падараш захмҳояшро муолиҷа мекард. Пас аз озод шудани зодгоҳашон Белти, Роберт ва модараш ба Молдова бармегарданд. Ҳамон тавре, ки тасаввур мекарданд, зодгоҳашонро пурра вайрону валангор дарёфт карда ҷои кор ва зиндагиро надоштанд.

Пас аз хабардор шудан дар бораи қатли ваҳшиёнаи ёздаҳ нафар наздиконашон аз тарафи миллатгароён ва тарафдорони онҳо бо эҳсосоти зидди яҳудии ҳукмфармои он замон, падар ва модари Роберт тасмим гирифтанд Иттиҳоди Шӯравро тарк карда роҳ ба сӯи Амрикоро пеш гиранд. Онҳо дар саросар ними аз Урупоро пиёда роҳ гаштанд ва ғайри қонуни марзҳоро убур карда вориди Руминиё, Маҷористон, Утриш шуданд. Дар охир ду маротиба кӯҳҳои Алпро пиёда гузашта ба Итолиё омаданд. Дар урдугоҳҳои оворагон дар Итолиё ва Сувис (Шветсария) Роберт барои ҷуброни солҳои аз даст рафтаи мактабиаш аз синни дувоздаҳ солагиаш, ба таҳсил машғул мешавад.
Бидуни таҳсилоти расмӣ ва дониши ибтидоии забони инглисӣ ва бо 20 доллар дар ҷайбаш, Роберт дар синни нуздаҳ солагиаш вориди Амрико шуд. Дар Иёлати Муттаҳида танҳо як орзу дошт ва ин ягона орзуяш гирифтани маълумот, яъне таҳсил буд. Бидуни маълумоти миёна Роберт дар бакалавриати CCNY Коллеҷи Ню Йорк ва дар магистратураи Донишгоҳои Колумбиёи Ню Йорк таҳсил мекунад. Ҳар ду маълумоташ дар риштаи муҳандиси барқ.

Дар тӯли ҳаёти касбиаш, Роберт, дар вазифаи мудири лоиҳаи Шабеҳсозии Маъмурияти Аполло (Apollo Mission Simulator) ҳамроҳи Нейл Армстронг кор мекунад. Нейл Армстронг якум кайҳоннавардест, ки ба рӯи Моҳ қадам гузоштааст. Роберт Фримзитс боз барои ҳифзи амният моҳвораҳои илмӣ ва дифоии Амрикоро сохтааст.

Роберт мегуяд, ки ҳаёти хеле душвор дар Шӯравӣ ва се соли паноҳандагиаш дар Тоҷикистон ӯро ба солҳои баъдинаш обутоб дод ва омада карда буд. Вай ба Тоҷикистон барои паноҳгоҳ ва аз марг наҷот ёфтанаш дар он солҳои вазнини ҷанг хеле сипосгузор аст. Дар давоми рӯзҳои торики ҷанг дар вақти фирор модари Роберт аз фарзандаш борҳо хоста буд, ки ваъдае бидиҳад. Модараш мехост, ки фарзандаш рӯзе як китоберо дар ояндаи на он қадар дур дар бораи он рӯйдодҳое, ки бо одамони бегуноҳ рух дода буд навишта ба тамоми ҷаҳониён маълумот диҳад, то ин хел даҳшат ва ҷанги хунхор дар ҷаҳон такрор нашавад.

Роберт хотироти худро бо номи “Аз Тоҷикистон ба Моҳ – Достони Бақо, Мусибат ва Пирӯзии Рӯҳи Башар” барои таҳқиқи ваъдаи ба модар кардааш навишта мунташир кард.
XS
SM
MD
LG