Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инсоният бар бемории сил дастболо мешавад


Рӯзи ҷумъаи 12-уми ноябр Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гузоришеро зери унвони "Назорати саросарии сил дар соли 2010" ба табъ расонд, ки эҳтимол муфассалтарин санад дар бораи пешрафти мубориза бо ин беморӣ дар қаламрави 212 кишвару воҳидҳои маъмурӣ бошад.

Раҳбари бахши мубориза бо сил дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Марио Равилионе мегӯяд, аз соли 1995 ба ин тараф кайфияти муолиҷаи сил беҳбуд меёбад ва дар ин 15 соли гузашта дар саросари олам 41 миллион нафар аз бемории сил халос шудаву 6 милллион ҳаёт наҷот дода шуд.

Дар гузориши солонаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт зикр шудааст, ки зоҳиран аҳли олам барномаи ҳазора дар мубориза бо силро иҷро хоҳад кард. Дар айни замон мақоми баландпояи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хотирнишон кардааст, ки танҳо соли 2009-ум бемории сил ҳаёти 1 миллиону 700 ҳазор нафарро аз байн бурд, ки 380 ҳазор нафари онҳо модарони ҷавон буданд.

Коҳиши шумори гирифторони сил

Ба ақидаи муаллифони гузориш, ҳукуматҳо бояд ба ваъдаҳои худ содиқ монда мубориза бо силро ҳамоно идома диҳанд ва ҳатто тавсеа бахшанд.

Омори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар понздаҳ соли гузашта шумораи гирифторони сил дар саросари олам коҳиш ёфтаааст. Агар дар соли 1995 ба ҳисоби миёна аз байни 100 ҳазор аҳолӣ 30 кас гирифтори сил бошад, ҳоло ин рақам то 20 нафар коҳиш ёфтааст.

Вале вакили Маҷлиси Намоядагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон табиби шинохта Ҷумъабой Сангинов мегӯяд, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ сирояти сил дар байни мардуми Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Мизони бемории сил дар Тоҷикистон

Рисард Залескис, мушовири бахши аврупоии барномаи мубориза бо сил дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ки бо Тоҷикистон ҳам сарукор дорад, дар посух ба ин суол, ки оё дар масъалаи мубориза сил дар Тоҷикистон ин созмон иқдоми мушаххсае рӯи даст гирифтааст, гуфт: "Як сол пеш мо баррасии муфассали вазъи мубориза бо сил дар Тоҷикистонро ҳамроҳ бо ходимони вазорати беҳдошти Тоҷикистон баргузор намуда, машваратҳоямон ва имконоти кумаки техникӣ дар иҷрои онро матраҳ кардем. Ҳоло ҳама чиз ба дасти ҳукумат ва садоқати он ба татбиқи ин барнома аст."

Ҷаноби Залескис мегӯяд, дар Тоҷикистон рушди сили мутобиқ ба доруву дармони мавҷуда боиси нигаронист ва мизони чунин навъи бемории сил 9 дарсад боло мебошад. Ҳамчунон шуморони беморони сил, ки бори дуввум гирифтор шудаанд, 40% бештар аз мизони умумӣ аст, меафзояд ӯ.

Зимнан дар гузориши солонаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт таъкид шудааст, ки аслан аксуламали аҳли олам ба ин навъи бемории сил, яъне туберкулёзе, ки ба доруҳои мавҷуда муқовимат нишон медиҳад, боиси нигаронии амиқ мебошад. Ҳар сол 440 ҳазор ҳодисаи нави гирифторӣ ба ин мараз ба қайд гирифта шуда, фақат 5% он муолиҷа мешавад.
XS
SM
MD
LG